Вакилон кори корхонаи қаблан аз андоз озодшудаи Тоҷикистону Чинро месанҷанд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр масъалаи ҷараёни фаъолияти корхонаи муштараки қаблан аз андоз озодшудаи Тоҷикистону Чин – «Ху Чан Ғаюр Индастриал»-ро баррасӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, вакилон рафти иҷрои ваъдаи раҳбарияти корхонаи мазкурро дар мавриди фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр масъалаи ҷараёни фаъолияти корхонаи муштараки қаблан аз андоз озодшудаи Тоҷикистону Чин – «Ху Чан Ғаюр Индастриал»-ро баррасӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, вакилон рафти иҷрои ваъдаи раҳбарияти корхонаи мазкурро дар мавриди фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии истеҳсоли масолеҳи сохтмон санҷиданианд.

Бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 27 майи соли 2015 дар бораи аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кардани ширкати «Ху Чан Ғаюр Индастриал»-ро, ки дар ноҳияи Ёвон воқеъ аст, қарор қабул кард. Маблағи пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ, ки ширкат аз онҳо озод карда шуд, 4,3 млн. долларро ташкил дода буд.

Он замон роҳбари ширкат Акбар Ғуломов қайд карда буд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали корхона моҳи июни соли 2015 дар назар буда, ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 18 млн. доллар таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ворид шудааст, ки ҳиссаи ҷониби Тоҷкистон дар он ба 35% баробар аст ва дар маҷмӯъ арзиши амалисозии лоиҳа 20 млн. долларро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ширкат ба истеҳсоли 10 ҳазор тонна гипсокартон дар як шабонарӯз қодир буда, 7 ҳазор тоннаи он барои фурӯш дар бозори дохилӣ ва боқимонда ҷиҳати содирот ба Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Акбар Ғуломов (писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов) он замон ба вакилон изҳор дошта буд, ки 300 нафар дар корхона бо ҷойи корӣ таъмин шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он, нархи гипсокартон дар ҷумҳурӣ то 35% поин хоҳад рафт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.