Олмон ба лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 34 млн. евро ҷудо мекунад

Date:

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи техникӣ ва молиявӣ барои солҳои 2016-2017 ояндаи наздик Олмон баҳри амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон 33,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, зери созишнома дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг имзо гузоштаанд.

Гуфта мешавад, маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Занҷираи кишоварзии ташкили арзиш дар Тоҷикистон», «Мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум)», «Фондҳои хоҷагии коммуналӣ ҷиҳати мусоидат ба маълумоти ибтидоӣ ва барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ (марҳилаи 4-ум)», «Мусоидат ба банақшагирии муайяни оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон», «Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» ва «Мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи интихобшуда» нигаронида шуда, маблағи иловагӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди НБО Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб равона мегардад.

Қаблан дар машварати байниҳукуматии намояндагонии ду кишвар дар Душанбе оид ба амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ тавофуқ ҳосил шуда буд. Дар нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 10 МВт ҳамасола истеҳсоли то 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...