Олмон ба лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 34 млн. евро ҷудо мекунад

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи техникӣ ва молиявӣ барои солҳои 2016-2017 ояндаи наздик Олмон баҳри амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон 33,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, зери созишнома дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт […]

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи техникӣ ва молиявӣ барои солҳои 2016-2017 ояндаи наздик Олмон баҳри амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон 33,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, зери созишнома дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг имзо гузоштаанд.

Гуфта мешавад, маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Занҷираи кишоварзии ташкили арзиш дар Тоҷикистон», «Мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум)», «Фондҳои хоҷагии коммуналӣ ҷиҳати мусоидат ба маълумоти ибтидоӣ ва барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ (марҳилаи 4-ум)», «Мусоидат ба банақшагирии муайяни оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон», «Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» ва «Мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи интихобшуда» нигаронида шуда, маблағи иловагӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди НБО Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб равона мегардад.

Қаблан дар машварати байниҳукуматии намояндагонии ду кишвар дар Душанбе оид ба амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ тавофуқ ҳосил шуда буд. Дар нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 10 МВт ҳамасола истеҳсоли то 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.