Вакилон бори дигар бобати мушкили амонатгузорон ба раиси БМТ савол доданд

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода пурсиданд, ки мушкили пулгирии амонатгузорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» кай дар ниҳояти кор ҳаллу фасл мешавад. Ба қавли вакил Рустам Қудратов, интихобкунандагон ҳамеша ба намояндаҳои худ дар парлумон дар ин хусус савол медиҳанд. Раиси Бонки миллӣ ба вакилон мушаххасан дар ин бора […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода пурсиданд, ки мушкили пулгирии амонатгузорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» кай дар ниҳояти кор ҳаллу фасл мешавад.

Ба қавли вакил Рустам Қудратов, интихобкунандагон ҳамеша ба намояндаҳои худ дар парлумон дар ин хусус савол медиҳанд.

Раиси Бонки миллӣ ба вакилон мушаххасан дар ин бора посух нагуфта, дар ҳамин ҳол таъкид дошт, ки ин мушкилот давра ба давра ҳал хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, танҳо тӯли 2 моҳи охир «Агроинвестбонк» ба амонатгузорони худ беш аз 61 млн. сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» – 54 млн. сомонӣ маблағҳояшонро баргардонидаанд.

«Ҳарду бонк бо амонатгузороне, ки дар суратҳисобҳояшон на бештар аз 500 доллар маблағ доштанд, пурра ҳисоббаробарӣ карданд», – қайд кард раиси Бонки миллӣ.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар даст дорад, айни замон бонкҳои зикршуда ба саҳмгузорони худ беш аз 1,5 млрд. сомонӣ пулҳояшонро пардохта, акнун баргардонидани наздики 1,3 млрд. сомонии дигар боқӣ мондааст.

Тибқи маълумоти раиси БМТ, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон аҳолии кишвар ба бонкҳо 470 млн. сомонӣ маблағ гузоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.