Дар маркази пойтахт гузоштани арчаи солинавӣ оғоз гардид

Бори нахуст се ҳафта пеш аз Соли нави мелодӣ ба гузоштани арча оғоз карданд. Дар майдони асосии Тоҷикистон – «Дӯстӣ» корҳои васлу насб ва гузоштани арчаи 25-метраи солинавӣ шурӯъ шуд. Бино ба дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ арчаи асосии солинавии шаҳри Душанбе бояд то 10 декабр гузошта шавад. «Бори нахуст бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ арчаи […]

Мавзуна Абдуллоева

Бори нахуст се ҳафта пеш аз Соли нави мелодӣ ба гузоштани арча оғоз карданд.

Дар майдони асосии Тоҷикистон – «Дӯстӣ» корҳои васлу насб ва гузоштани арчаи 25-метраи солинавӣ шурӯъ шуд.

Бино ба дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ арчаи асосии солинавии шаҳри Душанбе бояд то 10 декабр гузошта шавад.

«Бори нахуст бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ арчаи светодиодӣ гузошта шуда, баландии арчаи солинавӣ 25 метр ва масоҳаташ 12,5 метрро ташкил хоҳад дод», – гуфт муовини директори муассисаи давлатии рекаламаи берунӣ ва ороиши пойтахт Шарофиддин Талабов.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки арчаҳои ба ин монанди нисбатан хурдтар дар чор ноҳияи шаҳр – майдони «800-солагии Маскав, назди Театри опера ва балет, дар боғи Дӯстии халқҳо ва наздикии Прокуратураи генералӣ низ гузошта мешаванд.

«Дар ин ҷойҳо ҳамзамон экрнаҳои плазмавӣ гузошта хоҳанд шуд, ки консерти идона аз майдони асосиро намоиш медиҳанд», – гуфт ӯ ва қайд кард, ки «қариб дар ҳамаи биноҳои шаҳр корҳои зебу ороиш ба иҷро мерасанд».

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, 31 декабр, шаби соли нав дар майдони марказии Дӯстӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта арчаи солинавии 20-метра чанд рӯзе пеш аз фарорсаии Соли нав ва соли 2015 бошад, санаи 30 декабр гузошта шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.