КДАМ: Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд

«Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд ва сарҳадбонон бо реҷаи муқаррарӣ марзро посбонӣ мекунанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон. Ба қавли ӯ, «гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳад бо Афғонистонро касе набаста, ҳама мисли пешин аст ва ҳамчунин пулҳо низ тариқи дарёи Панҷ баста нашудаанд, ки дар […]

Asia-Plus

«Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд ва сарҳадбонон бо реҷаи муқаррарӣ марзро посбонӣ мекунанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ, «гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳад бо Афғонистонро касе набаста, ҳама мисли пешин аст ва ҳамчунин пулҳо низ тариқи дарёи Панҷ баста нашудаанд, ки дар бора чанде аз ВАО хабар доданд».

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ кардааст.

Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, ки “пулу гузаргоҳҳои марзӣ бо далелҳои амниятӣ муваққатан баста шуд”.

Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, талош доранд, то ҷониби Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳанд, ки марзро боз намояд.

“Фаъол будани пулҳо, фаъол будани бозорҳо бисёр муҳиму ҳаётӣ барои мост. Мо роҳи хуб бо марказ надорем. Бахусус дар ин шабу рӯз ва барфбориҳо роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Аз ин рӯ, тамоми маводи ғизоӣ аз самти Тоҷикистон ворид мешавад”, – илова кардааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.