Гумонбарии роҳбари коммунистони Душанбе ба қаллобӣ

Роҳбари ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Душанбе Субҳон Сафиаллоев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ӯ дар Агентии зиддифасод бозпурсӣ шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, Сафиаллоев аз телефони алоқаи ҳукуматии мансабдори давлатии баландпоя ба яке аз муассисаҳои давлатӣ занг […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Роҳбари ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Душанбе Субҳон Сафиаллоев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ӯ дар Агентии зиддифасод бозпурсӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Сафиаллоев аз телефони алоқаи ҳукуматии мансабдори давлатии баландпоя ба яке аз муассисаҳои давлатӣ занг зада, дархост намудааст, ки барои муолиҷаи як зан – ҳамсари шиноси худ кумаки молиявӣ расонида шавад.

«Муассисаи давлатӣ барои табобати зан 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, пулҳоро аз хазина (касса)-и муассиса шахсан худи Сафиаллоев гирифтааст, лекин баъдан маълум шудааст, ки чунин зани бемор умуман вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ ва таъкид дошт, ки Сафиаллоев пули гирифтаашро баргардонидааст.

Айни замон Сафиаллоев дар озодӣ қарор дошта, лекин нисбати ӯ корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд. Ваколатҳои Сафиаллоев дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пеш аз муҳлат қатъ шудааст.

Сафиаллоев аз соли 1998 ба ташкилоти Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 2015 ӯ ҳамчун котиби аввали ташкилоти ҲКТ дар шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №20-и шаҳрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуд.

Тамос гирифтан бо Сафиаллоев ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд. Дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ аз шарҳи масъала худдорӣ варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.