Боздошти роҳбари коллегияи адвокатҳои Хуҷанд бо далели қаллобӣ

Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд Анвар Ҳасанов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо далели даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Ҳасанов бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ […]

Asia-Plus

Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд Анвар Ҳасанов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо далели даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Ҳасанов бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ бандубаст намудани кирдори бародараш, аз ӯ дар се ҳолат ҷамъ маблағи 200 ҳазор сомонӣ гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдори худ ба охирин зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, кормандони Агентии зиддифасод ҳамчунин бо далели даст доштан дар қаллобӣ ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ дар вилояти Хатлон Мудинов Раҳматуллоро низ боздошт намудаанд, ки барои барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзанди як шаҳрванд дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, аз ӯ 13 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ҳасанов Анвар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шудааст ва нисбати Мудинов Раҳматулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.