Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Шӯрои муфтиёти Русия созишнома ба имзо мерасонанд

Дар шаҳри Москва охири ҳафтаи гузашта мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунуни муносиботи дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи […]

Наим Халимов

Дар шаҳри Москва охири ҳафтаи гузашта мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунуни муносиботи дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонҳои Русия изҳори қаноатманӣ намуда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.

«Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷик, ки  дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзҳои баъдӣ низ мулоқотҳои ҳамсон дар дигар манотиқи Русия дар назар дошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.