Дар се сол Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар аслиҳа дод

Date:

– Бо кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Русия ба сурати умум сулҳу субот дар минтақаро дастгирӣ мекунад, – гуфт фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия генерал-лейтенант Александр Лапин зимни суханронӣ дар маросими ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдлани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ.

Намояндаи Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки аз соли 2014 Русия ба Тоҷикистон барои азнавсозии аслиҳаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар кумаки техникӣ расонид.

Дар маросим таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи нигаронкунанда дар Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои узви СААД дар сангари аввали муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ қарор доранд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба ҷониби Русия барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид намуд, ки имрӯз артиши Тоҷикистон аслиҳаи пуриқтидор ва муосири Русияро ба ихтиёр гирифт, ки барои ҳимояи сулҳу субот дар кишвар ва минтақа истифода хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тамринҳои СААД

Ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ  супурда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...