Дастури президент ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолият

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иҷрои ин фармон бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа амалӣ мешавад. Президент ба ҳукумат дастур додааст, ки дар муҳлати ду моҳ Кумитаи тадорукотро […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иҷрои ин фармон бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа амалӣ мешавад.

Президент ба ҳукумат дастур додааст, ки дар муҳлати ду моҳ Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашнро тасдиқ намояд.

Рӯзи Истиқлолият ҷашни давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад.

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Изҳорот қабул шуда, он ба қабули қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос дониста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.