Волии Балхи Афғонистон истеъфоро қабул накард

Date:

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, ки чанде пеш раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари истеъфои ӯро эълон кард, изҳор доштааст, ки аз мақомаш истеъфо надода ва қасди канор рафтанро ҳам надорад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Атомуҳаммади Нур дар нишасте бо тарафдоронаш гуфтааст, ки ин истеъфоро қабул надорад, зеро хостаҳои ӯро ҳукумат иҷро накардааст. Дар як навор, ки телевизионҳо нашр кардаанд, ӯ гуфтааст, ки варақи истеъфояшро замоне ба раёсати ҷумҳури Афғонистон супурда буд, ки чанде қабл аз ҷониби ҳизби Ҷамъияти исломӣ ба хотири ба даст овардани ҳаққашон аз ҳукумат, вориди музокира шуда буд.

Ин узви баландпояи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи зиёде аз хостаҳояшон иҷро нашуда ва пазириши истеъфояшонро аз сӯи ҳукумат як дасиса медонад. Вай гуфтааст, "ин мо ҳастем, ки дар таъйини волии вилояти Балх тасмим мегирем, на Арги раёсати ҷумҳур, ки ҳар касеро хоста бошад, волӣ муаррифӣ намояд."

Атомуҳаммади Нур ҳушдор додааст, ки дар баробари ба гуфтаи ӯ ин "дасисаҳо" хоҳад истод ва афзудааст, ки дар қадами нахуст аз тариқи гуфтугӯҳои маданӣ дар чорчӯби қонун ва агар ба натиҷае нарасанд, аз гузинаҳои баъдӣ дар баробари ҳукумат истифода хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, Атомуҳаммади Нур чанде қабл истеъфояшонро ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва раиси ҷумҳур низ онро пазируфтааст. Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммади Нур ба унвони волӣ ё раиси вилояти Балх, таъйин шудааст.

Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, чанд соат пас аз нашри ин хабар бо нашри эъломия ин тасмими раёсати ҷумҳури Афғонистонро "як иқдоми аҷулона, ғайримасъулона, мухолифи субот ва амнияти Афғонистон" хонд. Дар ин эъломия ҳамчунин гуфта шудааст, ки барканории Атомуҳаммади Нур мухолифи мувофиқатномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...