Ҳамаи аттраксионҳои боғи назди Кӯли ҷавонон кӯчонида шуданд

Ҳамаи аттраксионҳо, нуқтаҳои фурӯш ва дигар иншооти боғи назди Кӯли ҷавонони пойтахт, ки дар рӯ ба рӯи Боғи ҳавйвонот воқеъ аст, кӯчонида шуда, дар ин ҷо боғи нав бунёд мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории пойтахт Қосимҷон Усмонзода хабар дод, боғи назди кӯл пеш аз ҳама бо мақсади таъмини амнияту […]

Asia-Plus

Ҳамаи аттраксионҳо, нуқтаҳои фурӯш ва дигар иншооти боғи назди Кӯли ҷавонони пойтахт, ки дар рӯ ба рӯи Боғи ҳавйвонот воқеъ аст, кӯчонида шуда, дар ин ҷо боғи нав бунёд мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории пойтахт Қосимҷон Усмонзода хабар дод, боғи назди кӯл пеш аз ҳама бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ навсозӣ мешавад.

«Ҳамаи аттраксионҳои пешинаи ин ҷо кӯҳнаву фарсуда ва ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ набуданд, – иброз дошт ӯ. – Акнун ба ҷойи аттраксионҳо боғи муосиру ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо сохта мешавад».

Дар мавриди дар боғи нав ҳам ҷойгир шудани аттраксионҳо Усмонзода чизе нагуфта, танҳо қайд кард, ки «таъмиру навсозии ин боғ ба нақша гирифта шудааст».

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин гулгашти назди сафорати Русия дар Душанбе, боғ барои кӯдакон дар назди варзишгоҳи «Спатак» ва гулгашти назди Донишкадаи забонҳо дар маҳалли 102-юм низ ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.