Хадамоти алоқа иҷозатномаи ширкатҳоро барои NGN расман бозхонд

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) доир ба қатъи дастрасӣ ба  NGN-телефония дастур додааст. Дар мактуби ба дасти «Азия-Плюс» расидаи Хадамоти алоқа, ки санаи 18 декабр ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» фиристода шудааст, зикр мегардад, […]

Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) доир ба қатъи дастрасӣ ба  NGN-телефония дастур додааст.

Дар мактуби ба дасти «Азия-Плюс» расидаи Хадамоти алоқа, ки санаи 18 декабр ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» фиристода шудааст, зикр мегардад, ки Хадамоти алоқа ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN-и ин ширкатҳоро бекор мекунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот диҳанд. Дар ҳамин ҳол, дар матни мактуб саҳеҳ нишон дода намешавад, ки NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ ё ба ҳама навъи NGN қатъ карда шавад.

«Аввал дар бораи қатъи NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ нома расида, баъдан ин дастур пайдо шуд. Айни замон дақиқан маълум нест, вале ба ҳар ҳол, дар дастур қайд шудааст, ки иҷозатнома ба қисмате аз хизматгузории NGN қатъ шавад. То ҷое, ки ман огаҳам, акнун талаб мекунанд, ки замимаи мобилӣ умуман кор накунад», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушд Асомуддин Атоев мегӯяд тасмими бастани NGN ва эҳтимоли қатъи мессенҷерҳо ба сиёсати давлатии рушди устувор мухолиф буда, бар асари қабули чунин қарорҳо сол то сол бозори телекоммуникатсионии кишвар коҳиш меёбад ва кам шудани шумори корбарон ва поинравии ҳаҷми даромади бозор гувоҳи он аст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.

Кумита дар ин нома батафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Ҳамчунин аз алоқаи навъи NGN ёдоварӣ шуда, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома, «аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.