Баррасии мушкилоти ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон дар парлумон

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  имрӯз вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар ҶТ барои солҳои 2013 – 2017» муҳокимаи ошкорои парлумонӣ  баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, зимни муҳокима қайд шуд, ки соҳаи маориф дар […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  имрӯз вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар ҶТ барои солҳои 2013 – 2017» муҳокимаи ошкорои парлумонӣ  баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, зимни муҳокима қайд шуд, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта,  аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ шудааст.

«Дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва қонуншиканӣ аз тарафи онҳо ташвишовар боқӣ монда, тӯли нуҳ моҳи соли  2017  дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 14 ҳазор маротиба амалиётҳои муштарак гузаронида шуда,  аз тарафи ноболиғон 517 (соли 2016- 590), аз тарафи ҷавонон 4, 4 ҳазор (соли 2016-4 ҳазору 865) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст», – қайд шудааст дар муҳокима.

Гуфта мешавад, ҷинояти аз тарафи ноболиғон содиршударо 20 нафар духтар ва 512 нафар писарон анҷом дода, аз ин шумора 18 нафар ноболиғон дар ҷинояти гурӯҳӣ якҷоя бо калонсолон  ҷиноят содир намуданд, 70  нафар ноболиғон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нафар хонандагони литсейҳои касбӣ – техникӣ ва коллеҷҳо, 448 нафар наврасон мебошанд, ки дар ягон ҷой кору таҳсил намекунанд.

«Аз ҷиноятҳои содиршуда ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 2 нафар, одамкушӣ 1 нафар, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 5 нафар, тайёр ва истифода бурдани моддаҳои нашъадор 1 нафар, дуздӣ 334 нафар, қаллобӣ 5 нафар, ғоратгарӣ 13 нафар, роҳзанӣ 1 нафар, авбошӣ 59 ва дигар ҷиноятҳо 90 нафарро ташкил медиҳанд», – гуфта мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки нисбати 1 745 нафар падару модарон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба мабалғи умумии наздики 160 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 374 нафар волидон огоҳонида шудаанд.

Дар робита ба дар мактабҳои махсус нигаҳдории кӯдакони душвортарбия қайд шуд, ки ин мушкилот то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ноболиғони душвортарбияро дар асоси қарори суд ба ин муассисаҳо мефиристанд.

Зимнан пешниҳод шуд, ки ҷойгир намудани ноболиғони душвортарбия ба мисли солҳои  пешин бо қарори комисияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо дар асоси оинномаи муассиса  сурат гирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.