ВКД номи қотили пешхизматро дар шаҳри Турсунзода эълон кард

Қотили Дмитрий Каримов, пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода, дастгир ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад ВКД ҷумҳурӣ. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳанд, ки гумонбар ба куштори Дмитрий ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ин хусус баёнот додааст. Ба иттилои манбаъ, қотил шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Ёдгорови 33-сола буда, бо ҷабрдида дӯст ва шоми […]

Сайфиддин Қараев, Asia Plus

Қотили Дмитрий Каримов, пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода, дастгир ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад ВКД ҷумҳурӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳанд, ки гумонбар ба куштори Дмитрий ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ин хусус баёнот додааст.

Ба иттилои манбаъ, қотил шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Ёдгорови 33-сола буда, бо ҷабрдида дӯст ва шоми 6 ноябр гӯё бо мақсади гуфтугӯ доир ба иҷораи хона, вале дар асл барои ғорат ба хонаи иҷораи ӯ меояд.

«Тавре худи Ёдгоров иқрор шуд, вақти гуфтугӯ бо Дмитрий замони ба пахлӯи дигар гаштани ӯ бо корд нахуст ба қисмати чап ва сипас ба қисми рости бадани ӯ зарба зада, ҳангоме ки Дмитрйи аз зарбаҳои ногаҳонӣ хам мешавад, ба гарданаш зарба мезанад. Ӯ иқрор шуд, ки 5 маротиба бо корд зарба задааст», – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди анҷоми куштор Ёдгоров телефони мобилӣ ва дастпонаи тиллои кушташударо гирифта, хонаро тарк мекунад. Ҷабрдида ҳатто ба доду фарёд задан ҳам фурсат наёфта буд, аз ин рӯ, ӯ ноаён аз хона меравад.

Айни замон дар прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати гумонбаршуда мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ёдгоров дар боздоштгоҳи пешакӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Дмитрий 42-сола буда, муддати зиёд дар яке аз чойхона-тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода ба сифати ёвари ошпаз кор мекард. Ӯ танҳо зиндагӣ карда барои харидани хона дар Душанбе ва кӯчидан ба пойтахт пул ҷамъ мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.