Пешниҳоди равонаи қисмате аз «андози роҳ» ба буҷетҳои маҳаллӣ

Date:

Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷаббор Аҳмедов имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ пешниҳод кард, ки маблағи «андози роҳ» натанҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ин таҷриба истифода мешавад, балки қисмате аз маблағи он ба буҷетҳои маҳаллӣ ҳам равона гардад.

«Роҳҳои маҳаллӣ асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо таъмир мешаванд, лекин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад, ки дар навбати худ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкил эҷод мекунад», – иброз дошт вакил.

Ин пешниҳоди вакилро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ дастгирӣ намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки зимни омода кардани нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 пешниҳоди зикршудаи вакилро ба инобат гирифтан зарур аст.

Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардид. Он замон вазорат пешниҳод кард, ки бекор кардани андози мазкур то аввали соли 2018 мавқуф гузошта шавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз қарор карданд, ки андози зикршуда то охири соли 2020 бекор карда намешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...