ҲХДТ дурустии маълумоти нома нисбати роҳбари ташкилот дар Панҷакентро тафтиш мекунад

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ояндаи наздик ба санҷиши як мактуб аз ҷониби шахсони номаълум аз болои роҳбари ташкилоти ҳизб дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, ки ба дастгоҳи иҷроияи президент расидааст, оғоз мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳизб Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, номаи воридшуда дар бораи қонуншиканиҳои молиявии роҳбари ташкилоти ҲХДТ-ро […]

Аваз Юлдошев

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ояндаи наздик ба санҷиши як мактуб аз ҷониби шахсони номаълум аз болои роҳбари ташкилоти ҳизб дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, ки ба дастгоҳи иҷроияи президент расидааст, оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳизб Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, номаи воридшуда дар бораи қонуншиканиҳои молиявии роҳбари ташкилоти ҲХДТ-ро дастгоҳи иҷроияи президент ҷиҳати санҷиш ба прокуратураи Панҷакент фиристода, вале дар он ҷо маълум шудааст, ки шахсоне, ки гӯё дар зери он имзо гузоштаанд, аз вуҷуд доштани ин мактуб хабар надоранд.

«Аз ин маълум мешавад, ки аз болои Мурод Шукурзода муаллифони номаълум мактуб навиштаанд», – гуфт котиби матбуотии ҳизб.

Ба гуфтаи ӯ, дар мактуб қайд мешавад, ки роҳбари ташкилоти ҳизб дар Панҷакент нақлиёти хизматиро барои эҳтиёҷоти худ истифода бурда, барои таъмири автомашинаи хизматӣ аз буҷети ҳизб ғайриқонунӣ беш аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ кардааст.

Ҳамчунин дар нома нисбати Мурод Шукурзода маълумот дода шудааст, ки ӯ барои ба узвияти ҳизб қабул кардани яке аз аъзои равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» тавсия додааст.

Зимнан зикр гардид, ки раҳбарияти ҳизб тасмим гирифтааст, ки дурустии ҳамаи ин маълумотро саҳеҳан бисанҷад ва рӯзҳои наздик комиссияи КИМ ҲХДТ бо ин мақсад ба Панҷакент раҳсипор мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти КИМ ҲХДТ, наздики 40 фоизи аъзои ҳизб ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио