Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар мавзӯи «Технологияҳои рақамӣ дар маркетинг» барои занони роҳбар тренинг барпо мекунад. Чорабинӣ дар Душанбе дар доираи барномаи «Занон дар тиҷорат» доир мегардад; – Идомаи сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар Душанбе. Оғози намоишҳо – соати 14:00 ва 16:00. Нархи билетҳо аз 20 то 50 сомонӣ. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор […]

Asia-Plus

АНОНС

– Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар мавзӯи «Технологияҳои рақамӣ дар маркетинг» барои занони роҳбар тренинг барпо мекунад. Чорабинӣ дар Душанбе дар доираи барномаи «Занон дар тиҷорат» доир мегардад;

– Идомаи сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар Душанбе. Оғози намоишҳо – соати 14:00 ва 16:00. Нархи билетҳо аз 20 то 50 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8277 сомонӣ;

1 евро – 10.6480 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1543 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 — Дар Олмон ҳизби миллӣ-сотсиалистӣ таъсис ёфт, ки минбаъд Адолф Гитлерро сари ҳокимият овард.

1991 — Ҳафтавори мустақили «Курер Таджикистана» таъсис ёфт.

2016 — Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш, чанде аз фарзандон ва хешовандони наздикаш маросими ҳаҷи умраро адо карданд.

2017 — Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки воситаҳои буҷетии ташкилотҳое, ки маблағҳояшон дар бонкҳои дучори мушкилот ҷой дошт, бозхонд мешаванд.

1929 — Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо.

1941 — Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов.

1952 — Зодрӯзи Бобоев Олимҷон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -8-13, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1-3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио