ВАО: Ҳалокати 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин дар сӯхтори Новосибирск

Дар ноҳияи Искитимски вилояти Новосибирски Русия бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли пойафзол 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ҳалок шуданд. Бино ба иттилои портали «Курьер. Среда. Бердск», пешакӣ сабаби сӯхтор муносибати нодурусту беэтиётона бо оташ унвон шуда, дар хомӯш кардани сӯхтор бо фарогирии майдони 2 ҳазор метри мураббаъ 84 нафар одамон ва 24 адад техникаи […]

Дар ноҳияи Искитимски вилояти Новосибирски Русия бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли пойафзол 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои портали «Курьер. Среда. Бердск», пешакӣ сабаби сӯхтор муносибати нодурусту беэтиётона бо оташ унвон шуда, дар хомӯш кардани сӯхтор бо фарогирии майдони 2 ҳазор метри мураббаъ 84 нафар одамон ва 24 адад техникаи гарнизонҳои оташнишонии маҳаллӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷасадҳои сӯхтаи 5 нафар дар маркази коргоҳ ва 4 тани дигар дар қисмати дигар дарёфт шудаанд. Айни замон низ оташнишонон сохторҳои биноро ҷудо карда, дар ҷустуҷӯи осебдидагони дигар мебошанд.

Зикр мегардад, ки бинои корхона 10 сол пеш сохта шуда, дар он кроссовкаҳо истеҳсол мекардаанд. Бинобар сабаби афзоиши масоҳат, дар корхона доимо корҳои сохтмонӣ ҷараён доштаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия алҳол маълумоти ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин сӯхтор тасдиқ накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.