Бонк кушодан мехоҳед? Ҳаҷми сармояи оинномавӣ кам шуд

Date:

Ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис дар Тоҷикистон аз 80 млн. сомонӣ то 50 млн. сомонӣ кам шуд. Дар ин бора Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 4 январ қарори дахлдор қабул кард.

«Ин қарор бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ қабул шуд», – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон санади мазкур дар раванди бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баъди гузаштани ин расмиёт ва интишори расмӣ дар муҳлати наздиктарин мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар бораи коҳиши ҳаҷми сармояи оинномавии бонкҳои навтаъсиси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонзимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ рӯзии 22 декабр дастур дода буд.

Он замон Сарвари давлат қайд кард, ки «вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт.

Ба гуфтаи президент, чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.

«Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, – гуфт ӯ. – Вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дар муҳлатҳои кутоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд».

Зикр гардид, ки пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 30 ноябри соли 2017 маблағи қариб 9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 464 миллион сомонӣ ё 5 фоиз кам шудаанд.

«Таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017 нишон медиҳад, ки ҳаҷми он ба соҳибкории истеҳсолӣ ҳамагӣ 4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 43 фоиз зиёд шудааст, – иброз дошт Сарвари давлат. Чунин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин робита ба Бонки миллӣ дастур дода шуд, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...