Нашри романи нахустин дар бораи кору зиндагии Ислом Каримов

Нашриёти "Намангон” романи нави Исоқҷон Нишоновро бо номи "Ҷасорат” нашр кардааст, ки  пурра дар бораи роҳи зиндагии президенти якуми Узбекистон Ислом Каримов аст. "Ягона роҳи нигоҳ доштани осоиштагӣ ин бо мардум будан аст. Ман ҳозир бо мардуми Намангонам, барои онҳо дар ташвишам, чунки агар лашкар меомад ба инҷо, оқибат мумкин буд, хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ […]

akhbor.com

Нашриёти "Намангон” романи нави Исоқҷон Нишоновро бо номи "Ҷасорат” нашр кардааст, ки  пурра дар бораи роҳи зиндагии президенти якуми Узбекистон Ислом Каримов аст.

"Ягона роҳи нигоҳ доштани осоиштагӣ ин бо мардум будан аст. Ман ҳозир бо мардуми Намангонам, барои онҳо дар ташвишам, чунки агар лашкар меомад ба инҷо, оқибат мумкин буд, хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ рехта шавад…”

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», ин пора аз романи "Ҷасорат”-и адиби узбеки муқими Намангон Исоқҷон Нишонов аст ва лаҳзаҳои баҳси рӯбарӯи ва хеле ошкору хеле тунди байни раисиҷумҳури якуми Узбекистон Ислом Каримов ва раҳбарони созмонҳои мазҳабии "Адолат” ва "Ислом лашкари” Тоҳири Юлдош ва Ҷумъабойи Намангонӣ дар соли 1991-ро тасвир мекунад.

Дар он даврон се вилояти водии Фарғона – Намангон, Андиҷон ва Фарғона – таҳти нуфузи сахти нирӯҳои исломгаро қарор дошт ва Каримов дар маъракаи интихоботии соли 1991-аш шахсан ба инҷо омада, бо раҳбарони исломгароён мунозираи рӯбарӯ карда буд.

Романи "Ҷасорат” дар амал нахустин романи адабӣ аст, ки ба роҳи зиндагии президенти якуми Узбекистон Ислом Каримов бахшида шудааст. Ин романи иборат аз 228 саҳифаро нашриёти "Намангон” ба тозагӣ дар чопхонаи "Ёш куч пресс матбуоти”-и шаҳри Тошканд чоп кардааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик ба фурӯш барояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.