Гумонбарии ҷавони душанбегӣ ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар дар бинои “Армуғон”, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҶДММ “Меҳр-2017”-ро ташкил намуда, ба […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар дар бинои “Армуғон”, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҶДММ “Меҳр-2017”-ро ташкил намуда, ба ҳайси роҳбар фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, сипас ғайриқонунӣ бе доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз шаҳрвандон: зани 32-сола ва ду марди 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба миқдори 11 ҳазор доллар пул гирифта, бо номбурдагон барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо фиристонидан шартномаҳои хаттӣ бастааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.