Маҳдудияти зиёрати зиёрати дуюмбораи Хонаи Худо ба сокинони Ӯзбекистон

Date:

Мақомоти Ӯзбекистон зиёрати дуюмбораи Хонаи Худоро барои сокинони худ маҳдуд ва талаботи нави интихоби зоирони ояндаро муайян карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба қарори Девони вазирони ин кишвар, минбаъд шахсоне дар маросими ҳаҷ иштирок мекунанд, ки қаблан Хонаи Худоро зиёрат накардаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳаҷҷи умра барои шаҳрвандоне мумкин хоҳад буд, ки тайи ду соли охир онро анҷом надодаанд ё бори охир 5 сол пеш ҳаҷ кардаанд.

Дар шарҳи қарор гуфта шудааст, аз ин ба баъд зоирони ояндаи ӯзбекро гуруҳи махсуси корие интихоб хоҳад кард, ки ба ҳайати он имом-хатиби ноҳия, имому раиси маҳалла ва мушовир оид ба таҳсилоти динӣ ва маънавӣ шомиланд.

Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Идораи мусулмонони Ӯзбекистон низ талаботи иштирок дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Бар пояи фатвои нави ин ниҳод, минбаъд шаҳрвандоне ба зиёрати Хонаи Худо сафарбар хоҳанд шуд, ки "дар маҳаллаҳои худ маъруфу намуна ҳастанд".

Ӯзбекистон, ки дорои 32 миллион аҳолӣ аст, ҳақ дорад, ҳамасола дасти кам 20 ҳазор сокини худро барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ фиристад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...