Баррасии масъалаи муайян кардани гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзҳои 24-29 январ вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии кишварҳо доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардида, дар анҷоми вохӯрӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзҳои 24-29 январ вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии кишварҳо доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардида, дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи муштарак ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ дар Душанбе доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд.

Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

То соли 2002 ҷонибҳо 84% хати сарҳади байни давлатҳоро муайян карданд. Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, интизорӣ меравад, ки масъалаи аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатии кишварҳо зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳори соли равон ба Душанбе ниҳоӣ ҳаллу фасл мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 29 январ дар шаҳри Ашхобод дар ҳошияи сафари кории ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал, вохӯрии ӯ бо муовини сарвазир, вазири кишоварзӣ ва идоракунии оби Ӯзбекистон Зойир Мирзоев баргузор гардид.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мазкур табодули афкор намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.