Сафири Тоҷикистон дар ИМА ба наҳор бо Трамп даъват шуд

Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Наҳори дуои миллӣ ё Шоми дуои миллӣ бо ҳузури президенти ИМА Доналд Трамп даъват шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин чорабинӣ наздики 3 ҳазор нафар меҳмонон (сиёсатмадорону тоҷирон, пешвоёни ҷамъиятиву мазҳабӣ) аз 100 кишвари саросари дунё иштирок […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Наҳори дуои миллӣ ё Шоми дуои миллӣ бо ҳузури президенти ИМА Доналд Трамп даъват шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин чорабинӣ наздики 3 ҳазор нафар меҳмонон (сиёсатмадорону тоҷирон, пешвоёни ҷамъиятиву мазҳабӣ) аз 100 кишвари саросари дунё иштирок мекунанд.

Соли гузашта Тоҷикистонро дар ин маърака вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ карда, имсол дар он танҳо сафир ҳузур хоҳад дошт, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷӣ.

Наҳори дуои миллӣ ҳамасола дар Вашингтон бо ҳузури президент панҷшанбеи аввали моҳи феврал доир гардида, ҳадафи он роҳандозии муносибатҳо ва таҳкими ҳусни тафоҳум байни намояндагони бахшҳои гуногуни кишварҳо унвон мешавад.

Фарҳод Салим соли 2014 сафири Тоҷикистон дар ИМА таъин шуда, моҳи май ба президенти вақти ин кишвар Барак Обама эътимоднома супурд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.