Оғози кори боз як гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар марз бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон гузаргоҳи «Андархон» ба фаъолият оғоз намуд, менависад Подробно. уз. Гузаргоҳи назорати сарҳадии «Андархон-Патар», ки қаблан баста шуда буд, рӯзи 10 феврал фаъолияти худро дубора барқарор кард. Ифтитоҳи он яке аз иқдомҳои амалисозии қарордодҳо миёни кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи байниҳукуматӣ мебошад, хабар додааст барномаи […]

Наим Халимов

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар марз бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон гузаргоҳи «Андархон» ба фаъолият оғоз намуд, менависад Подробно. уз.

Гузаргоҳи назорати сарҳадии «Андархон-Патар», ки қаблан баста шуда буд, рӯзи 10 феврал фаъолияти худро дубора барқарор кард. Ифтитоҳи он яке аз иқдомҳои амалисозии қарордодҳо миёни кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи байниҳукуматӣ мебошад, хабар додааст барномаи «Ахборот 24».

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон баррасии масъалаҳои марбут ба бекор кардани маҳдудиятҳо дар тиҷорату савдо, якхела кардани тарифҳои боркашонӣ, таъмиру барқарор кардани роҳҳои байнидавлатӣ ва бекор шудани реҷаи равуои бидуни раводид идома дорад.

Моҳи марти имсол сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар буда, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки зимни ин сафар бисёре аз масъалаҳои баҳснок миёни кишварҳо ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=LSCzlJadZhk

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

То ин замон миёни давлатҳо барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ – «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд амал мекарданд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент – Самарқанд низ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.