Эҳтимоли мусодираи «орди барзиёд»-и аҳолии Турманистон

Мақомоти минтақаи шимоли Туркманистон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли камбуди орд ҳастанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот мехоҳанд, аз роҳи мусодира кардани "орди барзиёд"-и аҳолӣ ин мушкилро ҳал кунанд. "Мақомот мехоҳанд манзилҳои сокинонро тафтиш карда, орди барзиёд пайдо ва онро мусодира кунанд", – гуфтааст як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон. Ба гуфтаи вай, […]

Наим Халимов

Мақомоти минтақаи шимоли Туркманистон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли камбуди орд ҳастанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот мехоҳанд, аз роҳи мусодира кардани "орди барзиёд"-и аҳолӣ ин мушкилро ҳал кунанд.

"Мақомот мехоҳанд манзилҳои сокинонро тафтиш карда, орди барзиёд пайдо ва онро мусодира кунанд", – гуфтааст як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус сокинонро аз эҳтимоли мусодира шудани орд огоҳ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин кишвар сар аз моҳи декабри соли 2017 норасоии орд мушоҳида мешавад. Дар баробари камбуди ин навъи маҳсулоти ғизоӣ, қимати он низ боло меравад. Охири ҳафтаи гузашта як кило орди қазоқӣ аз 2 ба 4 манат гарон шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.