Омодагии Қатар ба таблиғи мероси ғании фарҳангу ҳунари тоҷикон

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус аҳамияти тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.

Сафир даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ба вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 баргузор мегардад, супорида, даъватнома бо арзи сипос пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, Хисрав Соҳибзода ҳамчунин бо Мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар (Qatar Museums Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои осорхонашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ баррасӣ шуданд.  Дар ин замина ҷонибҳо зарурати табодули мутахассисон ва таҷриба дар соҳаи мудирияти осорхонаҳо, танзими давраҳои омӯзишӣ  ва инчунин аҳамияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки осори фарҳангию таърихиро дар тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.

Идораи осорхонаҳои Қатар омодагии худро барои таблиғ ва муаррифии меросии ғании фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик дар осорхонаҳои Қатар иброз намуд ва аз пешниҳоди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” истиқбол кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.