Ҳабси ронандаи гунаҳкор ба марги як зани кӯчарӯб

Бахтовар Солеҳови 23-сола, ки шаби 4 феврал бо автомашинааш кӯчарӯбро пахш карда, дар натиҷа ӯ ҳалок шуд, ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ метавонад ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон нисбати ӯ мутобиқи моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан)-и […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бахтовар Солеҳови 23-сола, ки шаби 4 феврал бо автомашинааш кӯчарӯбро пахш карда, дар натиҷа ӯ ҳалок шуд, ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ метавонад ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон нисбати ӯ мутобиқи моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса тахминан соатҳои 1-и шаби 4 феврал дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе рух дод. Савринисо Каримоваи 46-сола, ки ба тозакуниву рӯбучини кӯча машғул буд, зери чархи автомашинаи тамғаи «Тойота Ландкрузер» монд. Ронанда автомашинаро дар ҷойи ҳодиса гузошта, ғайб зад. Субҳи рӯзи 5 феврал кормандони милитсия ӯро боздошт карданд. Дар роҳ ба бемористон зан аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуд. Чанд сол пеш шавҳари зан вафот карда, акнун чор фарзанди ӯ ятим монданд.

Маросими гуручӯби зан аз ҳисоби Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва бо дастгирии ҳамсояҳо гузаронида шуд. Раёсат барои оилаи фавтида 6 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти ғизойӣ кумак кард.

Ҳеҷ касе аз хешовандони ронандаи гунаҳкор ба марги зан ба маросими гуручӯби ӯ наомаданд. Танҳо баъди се рӯз модари Солеҳов ба аёдати оилаи фавтида омада, ба онҳо ба сифати маҳсулоти хӯроквориву пул кумак пешниҳод намуд, лекин қабули он рад шуд.

Дар моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки тибқи он ба ронанда айбнома пешниҳод шудааст, ду соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.