Тасдиқи ивази номи Қӯрғонтеппа дар Маҷлиси миллӣ

Нимаи дуюми рӯзи 16 феврал таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати 5-ум доир гардид. Вакилони Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ивази номи чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои Қуғонтеппа ва Сарбанд якдилона дастгирӣ карданд. Мувофиқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 16 феврал таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати 5-ум доир гардид.

Вакилони Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ивази номи чанде аз шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла шаҳрҳои Қуғонтеппа ва Сарбанд якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи қарори қабулшуда, шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, Сарбанд – ба Леваканд, ноҳияи Бохтар – ба Кӯшониён, шаҳраки Восеъ – ба Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ – ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии ноҳияи Ёвон – ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ноҳияи Ёвон – ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ноҳияи Ёвон – ба Зарриндашт табдили ном карданд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ вакилон аз қонунҳои қаблан дар палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Тоҷикистон», «Дар бораи зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди он» , «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» низ ҷонибдорӣ намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.