Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар Панҷакент ҷашн мегирад

Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Панҷакент бо иштироки Сарвари давлат дар ин ҷо як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ғайр аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Панҷакент бо иштироки Сарвари давлат дар ин ҷо як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, бино ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки Президент санаи 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва рӯзи 25 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт низ доир мегарданд.

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ҷашни Наврӯз 21 март таҷлил мегардад.

Ҳамчунин ба муносибати ҷашни Наврӯз мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ барпо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.