Гумонбари фирорӣ дар дохили маршрутка боздошт шуд

Зимни бозпурсии рӯзи 24 феврал сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуд. Ӯ ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари худ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон дар ин робита хабар дод, ба туфайли тадбирҳои фаврии […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Зимни бозпурсии рӯзи 24 феврал сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуд.

Ӯ ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари худ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон дар ин робита хабар дод, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура гумонбаршуда дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаи фироркарда дар дохили автомашинаи мусофирбар (маршрутка)-е, ки ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор будааст, боздошт мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки боздоштшуда соли 1978 ба дунё омада, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст, вале дар Хуҷанд зиндагӣ доштааст.

Аз ҷузъиёти чӣ гуна ба боздоштшуда муяссар гардидани гурехтан аз бино маълумот дастрас нест.

Айни замон боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Гулистон нигаҳдорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.