Олмон ба Тоҷикистон 31,1 млн. доллар кумак мекунад

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ ва техникиро тасдиқ кард. Дар ин созишнома муддати ду соли наздик ба сифати грант ва кумак ба Тоҷикистон ҷудо шудани 31,1 млн. евро пешбинӣ шудааст. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилони мардумӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ ва техникиро тасдиқ кард.

Дар ин созишнома муддати ду соли наздик ба сифати грант ва кумак ба Тоҷикистон ҷудо шудани 31,1 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилони мардумӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки кумаки Олмон ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва соҳаи энергетика равона мегардад.

«Созишномаи дар боло зикршуда аз замони тасдиқ шуданаш мавриди амал қарор мегирад», – илова кард вазир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио