Интиқоли об дар робита ба пайваст намудани шохаҳои қубури обрасонӣ ба шоҳқубур дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳии 2» қатъ шуда, қисмате аз пойтахт муддати якчанд соат бе оби нӯшокӣ мемонад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз соати 22:00 рӯзи 13 март то соати 24:00 рӯзи 14 март интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино, маҳаллаи Комсомол 8 қатъ мегардад.
Вобаста ба ин ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино пойтахт дастур дода шудааст, ки дар ин муддат бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


