Дар Тоҷикистон обуҳавои номусоид дар назар аст

Зарфи ду рӯзи даҳаи дуюми моҳи март дар кишвар ҳавои боронӣ дар назар дошта шуда, дар кӯҳҳо барфи тар ва дар водиҳо боронҳои селосо меборанд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз 11 то 13-уми марти соли равон дар водиҳо боронҳои селосо ва ва дар минтақаҳои кӯҳии кишвар дар баландиҳои беш аз 2000 метр (ғайр […]

Asia-Plus

Зарфи ду рӯзи даҳаи дуюми моҳи март дар кишвар ҳавои боронӣ дар назар дошта шуда, дар кӯҳҳо барфи тар ва дар водиҳо боронҳои селосо меборанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз 11 то 13-уми марти соли равон дар водиҳо боронҳои селосо ва ва дар минтақаҳои кӯҳии кишвар дар баландиҳои беш аз 2000 метр (ғайр аз қаламрави ВМКБ) барфи шадиду тар вазъро печида мекунанд.

Гуфта мешавад, дар рӯдхонаҳо хатари болоравии сатҳи об боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.

«Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, воситаи нақлиётии худро қабл аз сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи хафноки кӯҳӣ, корҳои саҳро, омода намудани ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ ба нияти шикор худдорӣ варзанд», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Ба сокинони кишвар огоҳӣ дода мешавад, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз зери хатҳои интиқоли барқ, дарахтон, пояҳои реклом ва дигар иншоотҳои хатарнок нагузаранд.

Аз ронандагон дархост мешавад, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаркати мошинро аз меъёр зиёд боло набаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.