«Хеле олиҷаноб!» Тақдими бурдҳо ба ғолибони аксияи «Модарони Душанбе»

Дар дафтари кории гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» маросими тақдими бурдҳо ба ғолибони аксияи «Модарони Душанбе» доир гардид. Дар остонаи ҷашни Рӯзи модар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо ширкати «Оби зулол» аксияи «Модарони Душанбе»-ро роҳандозӣ карданд. Автобуси бепул дар хатсайри №3 равуо намуда, ҳамаи занони хоҳишмандро бепул то ҷойи заруриашон бурда расонид. Табъи ҳар зани хоҳишманди […]

Asia-Plus

Дар дафтари кории гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» маросими тақдими бурдҳо ба ғолибони аксияи «Модарони Душанбе» доир гардид.

Дар остонаи ҷашни Рӯзи модар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо ширкати «Оби зулол» аксияи «Модарони Душанбе»-ро роҳандозӣ карданд. Автобуси бепул дар хатсайри №3 равуо намуда, ҳамаи занони хоҳишмандро бепул то ҷойи заруриашон бурда расонид. Табъи ҳар зани хоҳишманди ба автобус саворшуда бо туҳфа ва ҳодисаҳои аҷибу ногаҳонӣ болида гардонида шуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии дастгоҳи мақомоти шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад. Сарпарастони кулли аксияи «Модарони Душанбе» – ширкатҳои «Оби Зулол» ва «RC cola»; сарпарастони расмӣ – «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»», ширкати алоқаи Tсell, фабрикаи қаннодии «555» ва ширкати Huawei; шарикони аксия – Маркази зебоишиносӣ ва ороишоти занон (Центр эстетической гинекологии и косметологии) мебошанд.

Ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ин аксия, ки ба автобуси мо савор шуд, рақами махсусе дода шуд. Мувофиқи ин рақам ӯ иштирокчии бозии бурди ҷоизахои арзишманд шуд, ки ин бозӣ дар барномаи мустақими радиои «Азия-Плюс» гузаронида шуд.

Ҳамагӣ 11 туҳфаи арзишманд – 5 сертификати истифода аз хизматгузории Маркази зебоишиносӣ ва ороишоти занон (Центр эстетической гинекологии и косметологии) гузошта шуд, 3 телефони мобилии Huawei, телевизор, мошини ҷомашӯйӣ ва яхдон ба бозӣ гузошта шуд.

Рухшона Раҷабова бо духтараш Фарангис ва хоҳараш Азиза тасодуфан ба автобус савор шуданд. «Ташаккури зиёд ба ташкилкунандагон ва сарпарастони ин иқдом, – гуфт ӯ хурсандона. – Мо чунин туҳфаро интизор набудем, тасодуфан ба автобус нишастем. Ҳам хоҳарам ва ҳам духтарам туҳфа бурд карданд, хеле олиҷаноб!».

Замира Боқиева, соҳибхоназан низ дар ҳайрат буд. «Ташаккур барои туҳфа, – изҳор дошт вай. – Туҳфаи ногаҳонӣ гирифтам – ба 2 ҳазор сомонӣ хизматгузории ороишгар. Албатта , ба Марказ меравам».

Наргис Муҳаммадиева, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №12 мошини ҷомашӯӣ бурд кард. Мегӯяд, бо баҳои аъло таҳсил мекунад, шояд Худо тариқи ташкилоти Шумо ба ман ин туҳфаро тақдим намуд».

Гулнора, маъюби гурӯҳи дуюм бо хоҳараш ба «Садбарг» мерафт. Онҳо дар истгоҳи назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  автобусро интизор буданд.

«Ин дам автобуси «Азия-Плюс» омад. Мо дар ҳайрат будем, ки ба табрику тақдими гулу туҳфа ба мо шурӯъ намуданд. Рақамамаон ҳам бобарор омад. Яхдон бурд кардем. Имрӯз барои гирифтани бурдамон омадем, автомашина фармоиш додем, ки дар кӯча моро мунтазир аст», – гуфт ӯ хушнудона.

Мавлуда Бобохоҷаева, корманди ВКД, хоҳари Гулнора ба кумаки ӯ омадааст. «Монанди афсона, боварии кас намеояд, вале ин воқеъият аст. Ташаккури зиёд ба ҳамаи он касоне, ки ин иқдомро роҳандозӣ намудаанд», – изҳор дошт номбурда.

Директори Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Зебо Тоҷибоева ғолибонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо барори кору хушбахтӣ орзу намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ин аксияи охирин аз гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол» набуда, соли равон чунин чорабиниҳои ғайриоддии нав низ баргузор хоҳанд шуд.

«Ин иқдомро мо ба хотири эътирофи муҳаббатамон ба ҳамаи модарони шаҳр, модарони имрӯзаву оянда роҳандозӣ кардем, – мегӯяд директори генералии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» Умед Бобохонов. – Мо хеле хоҳони он будем, ки дар ин рӯз занон аз ташвишҳои рӯзгор озод буда, худро маҳбубу азиз ҳис кунанд ва табассум дар лабонашон ҳувайдо бошад. Хушбахтона, ба ин мақсадамон расидем. Ба мақомоти шаҳрдории Душанбе, ширкати «Оби зулол» ва ба ҳамаи шарикон, ки баҳри хурсандии модарон ба мо кумак карданд, миннатдории бепоён изҳор мекунам».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.