Имзои созишномаҳо ба маблағи 620 млн. доллар байни соҳибкорони тоҷику ӯзбек

Дар доираи Форуми соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба маблағи умумии 620 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Форуми мазкур дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон санаи 9 март доир гардид. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар чорабинӣ наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии […]

Asia-Plus

Дар доираи Форуми соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба маблағи умумии 620 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд.

Форуми мазкур дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон санаи 9 март доир гардид.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар чорабинӣ наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соҳибкорони ҳар ду давлат ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории кишварҳои худро тавассути наворҳо муаррифӣ намуданд.

«Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Қайд мешавад, ки баъд аз муколамаи дутарафа ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо оид ба робитаи тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя қарордодҳои байни соҳибкорон ба имзо расонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи Форум ба маблағи зиёда аз 620 млн. доллари амрикоӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.