Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бори нахуст дар намоишгоҳи MITT

Date:

Дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то санаи 15 марти соли ҷорӣ давом мекунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...