Созишномаи «Ориёнбонк» бо ду бонки муваффақи Ӯзбекистон

Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҶСК «Ориёнбонк» бо «Туронбонк»-и Ӯзбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо нигаронида шудааст. Дар Ёддошти имзошуда ҳамоҳангсозии талошҳои бонкҳои муваффақи кишварҳо ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни давлатҳо пешбинӣ мешавад. Дар маросими имзои Ёддошт […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҶСК «Ориёнбонк» бо «Туронбонк»-и Ӯзбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо нигаронида шудааст.

Дар Ёддошти имзошуда ҳамоҳангсозии талошҳои бонкҳои муваффақи кишварҳо ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни давлатҳо пешбинӣ мешавад.

Дар маросими имзои Ёддошт қайд шуд, ки бо мавриди амал қарор гирифтани санад, ба амалисозии муомилоти молии марбут ба содироту воридоти дуҷонибаи молу маҳсулот имкон фароҳам оварда мешавад.

Ҳамчунин «Ориёнбонк» бо «Узпромстройбонк» ба маблаги умумии 20 млн. доллар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ба маблағгузории воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавассути хатҳои қарзӣ нигаронида шудааст.

Барои дастрас кардани қарз тавассути хатҳои қарзӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон – ба ҶСК «Ориёнбонк» ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ӯзбекистон – ба «Узпромстройбонк» ва «Туронбонк» муроҷиат карда метавонанд.

Ғайр аз ин, бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, рушд ва такмили минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, байни бонкҳои кишварҳо «Созишномаи байнибонкӣ дар бораи роҳандозии муносибатҳои муросилотӣ (корреспондентский)» бо доллари ИМА ва евро ба имзо расид.

Тавре аз «Ориёнбонк» шарҳ доданд, дар ин созишнома имкони амалисозии интиқоли маблағҳои пулӣ пешбинӣ шудааст, ки дар навбати аввал ба хизматгузории муомилоти молӣ байни давлатҳо истифода хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио