Дар ҷашни Наврӯзи Панҷакент Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад

Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 26 ё 27 март дар шаҳри Панҷакент барпо мешаванд, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, санаи дақиқи баргузории чорабиниҳои идона дар Панҷакент рӯзҳои наздик маълум мешавад. Бино ба иттилои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 26 ё 27 март дар шаҳри Панҷакент барпо мешаванд, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, санаи дақиқи баргузории чорабиниҳои идона дар Панҷакент рӯзҳои наздик маълум мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷашни Наврӯз дар Панҷакент ҳамчунин аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеаи кишвар низ иштирок мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки ходимони санъату фарҳанги кишвар намоиши пуршукӯҳи идона барпо мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашниНаврӯз дар Панҷакент бо иштироки президент санаи 21 март пешбинӣ гардида буд.

Аммо баъдан маълум шуд, ки аз 21 то 23 март Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафта, дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ширкат меварзад.

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли Созмон Антониу Гутерриш низ дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.