«Одамон гӯё ба ид мерафтанд»: дар Душанбе 95% ба ҷонибдории Путин овоз доданд

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон 11 ҳазор нафар иштирок карданд. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси комиссияи интихоботӣ, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Валерий Дергачёв, тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин шумор 95% ба ҷонибдории президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин овоз додаанд. «Дар ҳамин ҳол, дар интихоботи соли 2016 ба […]

Asia-Plus

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон 11 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба раиси комиссияи интихоботӣ, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Валерий Дергачёв, тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин шумор 95% ба ҷонибдории президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин овоз додаанд.

«Дар ҳамин ҳол, дар интихоботи соли 2016 ба Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон 4,39 ҳазор нафар иштирок кардаанд», – гуфтааст Дергачёв.

Ба гуфтаи ӯ, номзадҳои дигар ба мансаби президентӣ дар ин кишвар дар маҷмӯъ 5%-и овозҳои интихобкунандагонро касб кардаанд.

Номбурда қайд кардааст, ки маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бидуни қонуншиканӣ сурат гирифта, дар бораи нақзи қонун «Дар бораи интихоботи президенти Русия» ягон шикояти хаттӣ ворид нашудааст.

«Дар маъракаи интихобот фазои идона ҳукмфармо буд, мардум бо сарулибоси озода ва кӯдакони худ ба интихобот омаданд, ҳамаи хоҳишмандон овоз доданд», – гуфтааст вай.

Дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, назди консулгарии Русия дар Хуҷанд, дар гарнизони пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе ва Қурғонтепппа (се қитъа) ва ҳамчунин иншооти низомии кайҳонии «Окно» дар шаҳри Норак қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио