Русия тақозои гуфтушунид ва Тоҷикистон таъхири онро дархост дорад

Чанде қабл Вазорати нақлиёти Русия мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро дар бораи аз 5 апрел ба итмом расидани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Хуҷанд – Маскав (3/7) огоҳ кард. Вазорати нақлиёти Русия ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки то моҳи апрел байни мақомоти марбутаи кишварҳо гуфтушунид гузаронида шавад, то мушкилот атрофи масъалаи парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба […]

Asia-Plus

Чанде қабл Вазорати нақлиёти Русия мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро дар бораи аз 5 апрел ба итмом расидани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Хуҷанд – Маскав (3/7) огоҳ кард.

Вазорати нақлиёти Русия ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки то моҳи апрел байни мақомоти марбутаи кишварҳо гуфтушунид гузаронида шавад, то мушкилот атрофи масъалаи парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад.

ВАО-и Русия бо истинод ба вазири нақлиёти ин кишвар Максим Соколов хабар медиҳанд, ки онҳо натиҷаҳои пешниҳодашонро то 5 апрел мунтазир мешаванд, лекин мақомоти Тоҷикистон ба таъхир гузоштани гуфтушунидҳоро дархост кардаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода, Тоҷикистон даъвати намояндагони Русияро ба гуфтушунид танҳо баъди анҷоми «корҳои дохилии тадорукотӣ» дар нақша дорад.

«Таври маълум, дар ин масъала миёни кишварҳо баъзе мушкилот ҷой дорад ва ҷонибҳо мехостанд, ки рӯзҳои 22-23 март вохӯрда, роҳу воситаҳои ҳалли онро баррасӣ кунанд. Вале гап сари он аст, ки раҳбарияти Агентии авиатсияи граждании аввали моҳи феврал ба вазифаҳо таъин шуданд ва то ҳол дар корхонаи мо расмиёти тадорукотӣ (ташкили кор) ҷараён дорад, – қайд кардааст Набизода. – Аз ин рӯ, мо алҳол ба вохӯрӣ омода набуда, дар фурсати наздиктарин ҳамтоҳои русиягии худро огоҳ мекунем».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.