Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» дар Кохи Борбад даъват мекунад, ки ба муносибати ҷашни «Наврӯз» баргузор мешавад. Намоишгоҳ давоми рӯзҳои 29-31 март доир мегардад. Вақти кор аз соати 10:00 то 18:00; – Дар сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон аз соати 10:00 то 12:30 Китоби изҳори ҳамдардӣ боз мешавад. ҚУРБИ […]

АНОНС

– Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» дар Кохи Борбад даъват мекунад, ки ба муносибати ҷашни «Наврӯз» баргузор мешавад. Намоишгоҳ давоми рӯзҳои 29-31 март доир мегардад. Вақти кор аз соати 10:00 то 18:00;

– Дар сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон аз соати 10:00 то 12:30 Китоби изҳори ҳамдардӣ боз мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8281 сомонӣ;

1 евро – 10.9468 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Таъсиси Иттифоқи кооператсияи матлуботи «Тоҷикматлубот».

1936 – Таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.

2003 – Таъсиси Ассотсиатсияи адвокатҳои ҶТ.

2007 — Боғи марказии фарҳангу фароғати пойтахт Боғи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.

2010 — Дар Тоҷикистон бонки нави молиявии хурди «Accessbank Tajikistan» ифтитоҳ гардид.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва раъду барқ дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.