АНОНС
– Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» дар Кохи Борбад даъват мекунад, ки ба муносибати ҷашни «Наврӯз» баргузор мешавад. Намоишгоҳ давоми рӯзҳои 29-31 март доир мегардад. Вақти кор аз соати 10:00 то 18:00;
– Дар сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон аз соати 10:00 то 12:30 Китоби изҳори ҳамдардӣ боз мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8281 сомонӣ;
1 евро – 10.9468 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1929 – Таъсиси Иттифоқи кооператсияи матлуботи «Тоҷикматлубот».
1936 – Таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.
2003 – Таъсиси Ассотсиатсияи адвокатҳои ҶТ.
2007 — Боғи марказии фарҳангу фароғати пойтахт Боғи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.
2010 — Дар Тоҷикистон бонки нави молиявии хурди «Accessbank Tajikistan» ифтитоҳ гардид.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +4+9.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва раъду барқ дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.


