Барканории самбочиёни тоҷик аз иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Меморилаи Харлампиев», ки дар Русия доир гардид, иштирок карда натавонист. Сабабаш аз ҷониби Федератсияи самбои кишвар пардохт нашудани аъзоҳаққӣ аст. Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) бинобар сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққӣ дар муддати се соли охир узвияти дастаи Тоҷикистонро дар ин Федератсия боздошт. Тавре дар сомонаи расмии […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Меморилаи Харлампиев», ки дар Русия доир гардид, иштирок карда натавонист. Сабабаш аз ҷониби Федератсияи самбои кишвар пардохт нашудани аъзоҳаққӣ аст.

Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) бинобар сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққӣ дар муддати се соли охир узвияти дастаи Тоҷикистонро дар ин Федератсия боздошт. Тавре дар сомонаи расмии FIAS қайд мешавад, ҳаҷми аъзоҳаққии солона 300 долларро ташкил медиҳад.

Дар Федератсияи самбои Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ намуда, сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққиро ба вазъи душвори молиявии ташкилот нисбат доданд ва изҳор намуданд, ки айни замон баҳри ҳалли ин масъала сарпарастонро ҷустуҷӯ доранд.

Узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистон ба FIAS то пурра пардохт шудани қарзи аъзоҳаққӣ – 900 доллар боздошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.