АНОНС
– Дар Душанбе Форуми минтақавии тиҷоратӣ байни занон доир мегардад, ки ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марлумӣ эълон шудани соли 2018 гузаронида шуда, дар он намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон иштирок мекунанд;
– Дар пойтахти Беларус – шаҳри Миснк ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8262 сомонӣ;
1 евро – 10.8209 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1531 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи геологҳо
2012 — Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «НБО Сангтӯда-1» оид ба рӯёнидани қарзҳо аз ширкати «Барқи тоҷик» барои барқи дастрасшударо пурра қонеъ кард.
1914 – Зодрӯзи шоир Болтақул Диёрӣ.
1924 – Мавлуди якумин пионердухтар, дорандаи ордени Ленин, олими забоншинос Мамлакат Наҳангова.
1932 – Зодрӯзи олим Анвар Садриддинов.
1947 – Мавлуди адабиётшинос, арбоби давлатӣ Абдураҳмон Абдуманнонов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.


