Писари марди аз тири сарҳадбонон ҳалокшуда ба тарки таҳсил маҷбур шуд

Писари сокини 44-солаи шаҳри Исфара Қодирхон Усмонхоҷаев, ки аввали моҳи январ аз тири сарҳадбонон ҳалок шуд, ба тарки таҳсил дар яке аз мактабҳои олии муътабари Тоҷикистон маҷбур шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони марҳум. Ба гуфтаи ӯ, писари марҳум Аҳадхон дар курси якуми факултаи «сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таҳсил мекард. «Бинобар […]

Аваз Юлдошев

Писари сокини 44-солаи шаҳри Исфара Қодирхон Усмонхоҷаев, ки аввали моҳи январ аз тири сарҳадбонон ҳалок шуд, ба тарки таҳсил дар яке аз мактабҳои олии муътабари Тоҷикистон маҷбур шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони марҳум.

Ба гуфтаи ӯ, писари марҳум Аҳадхон дар курси якуми факултаи «сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таҳсил мекард.

«Бинобар сабаби марги падар ӯ маҷбур шуд, ки аз таҳсил даст кашида, аз пойтахт ба Исфара бозгардад, – мегӯянд хешовандон. – Аҳли оила дигар зисту таҳсилу ӯро дар пойтахт таъмин карда наметавонанд. Шаҳрдории Исфара баъди марги Усмонхоҷаев ваъда дода буд, ки ба таҳсили кӯдаконаш кумак мекунад, вале ҳеҷ амали мушаххасе сурат нагирифт».

Писари дуюми Усмонхоҷаев, ки дар литсейи №2-и шаҳри Исфара таҳсил мекард низ аз таҳсил даст кашида, ба хона баргаштааст ва акнун дар мактаби таҳсилоти умумӣ мехонад.

Мутриба Охунова, ҳамсари марди ҳалокшуда қаблан ба ВАО изҳор дошта буд, ки намоянагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки ба адолати судӣ дар тафтиши парвандаи шавҳари марҳумаш бовар надорад. «Сарбозони судшаванда дар мурофиа бисёр вақт нишондодҳои худро тағйир медиҳанд, аввал гуфта буданд, ки бидуни огоҳӣ ва фармон тир кушодаанд, баъдан аз ин гуфтаашон даст кашиданд», – изҳор дошт М.Охунова.

Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки сарбозони тиркушода хизматчиёни ҳарбии қисми 0215-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мебошанд.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чун пешина дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио