Маркази Душанберо ба нишастҳои ИДМ ва СҲШ омода мекунанд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе доир ба таъмири роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тендер эълон кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, роҳ аз VIP-зали фурудгоҳи байнулмилалӣ то меҳмонхонаи Душанбе ва дар идома тариқи тамоми маркази шаҳр то Донишгоҳи аграрӣ бояд таъмиру навсозӣ шавад. Ғайр аз ин, мақомоти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе доир ба таъмири роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тендер эълон кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, роҳ аз VIP-зали фурудгоҳи байнулмилалӣ то меҳмонхонаи Душанбе ва дар идома тариқи тамоми маркази шаҳр то Донишгоҳи аграрӣ бояд таъмиру навсозӣ шавад.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки намо (фасад)-и чанде аз биноҳо дар маркази шаҳрро, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудаанд, низ таъмиру навсозӣ кунад, аз ҷумла биноҳои истиқоматии ҳаштошёнаи рӯ ба рӯи маҷмааи «Кохи Ваҳдат» (Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96).

Дар бораи чӣ қадар ҷудо шудани маблағ аз буҷети шаҳр барои анҷоми корҳои зикршудаи таъмиру навсозӣ аз мақомоти шаҳрдорӣ маълумот надоданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳамин васила маркази пойтахтро барои баргузории нишасти сарони кишгварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, омода мекунад.

Ғайр аз ин, нимаи дуюми соли равон дар Душанбе нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио