Лавров: Аз ҳамраъйии Тоҷикистон дар қазияи Скрипал қадрдонӣ мекунем

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки кишвараш ҳимояти Тоҷикистонро аз мавқеи Русия дар моҷарои сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси пешини рус дар Бритониё қадрдонӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ гуфтааст, Русия аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки кишвараш ҳимояти Тоҷикистонро аз мавқеи Русия дар моҷарои сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси пешини рус дар Бритониё қадрдонӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ гуфтааст, Русия аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки баробар бо дигар аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳодисаи Солсберӣ нишон дод, қадрдонӣ мекунад.

«Мо рӯзи 4-уми апрел дар нишасти вижаи Шӯрои иҷроияи Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ изҳороти муштараки аъзои паймонро нашр кардем, ки дар он қотеона талаб шудааст, ҳангоми таҳқиқи шаффофу бетарафонаву беғаразонаи қазия ба муқаррароти Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ такя кунад”, – иброз доштааст Сергей Лавров.

Ба қавли Сергей Лавров, Русия аз кишварҳои шарикаш барои ҳамоҳангсозии мавқеъ дар Созмони Милал, аз ҷумла дар масъалаи баррасии пешниҳодҳои шубҳабарангез ва зиддирусӣ изҳори сипос мекунад.

Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбат дар нишасти хабарии Маскав қайд кардааст, ки Русия дар ҷавоб ба ҳимояти Тоҷикистон ташаббусҳои ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милалро дастгирӣ мекунад.

Вай илова намудааст, ки бо Сироҷиддин Аслов, масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии об ва конфронси байналмилалии “Муқобила бо терроризм ва тундгароӣ”-ро баррасӣ кардааст, ки қарор аст, моҳҳои май ва июн дар Душанбе баргузор шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.